среда, 27 сентября 2017 г.

Нигаронии Кумитаи СММ аз зиёд шудани шумораи муҳоҷирони бемор дар Тоҷикистон

Нигаронии Кумитаи СММ аз зиёд шудани
шумораи муҳоҷирони бемор дар Тоҷикистон

  

Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо аз он он изҳори нигаронӣ намудааст, ки дар Тоҷикистон шумораи муҳоҷирон, ки ба бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ), сил ва гепатит гирифторанд, зиёд шудааст.

 Мувофиқи маълумоти  Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ  348 гирифторони нави бемории  ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Дар миёни ин беморон 53 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла 5 зан мебошанд, зикр намудааст вазорат.
Дар асоси иттилооти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД,  дар Тоҷикистон аз оғози  эпидемия то сентябри соли 2016 дар кишвар расман 8 ҳазору 564 гирифторони ВНМО  ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо беш аз 2 ҳазор нафарашон фавтидаанд.
Шумораи шахсоне ки бо бемории ВНМО дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, 6253 нафарро ташкил намудааст, ки ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 74,9 кас рост меояд. 
Коршиносон қайд мекунанд, ки 20 дарсад, ё ҳар як панҷуми гирифторони нави бемории сил дар Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатианд.
«Масалан, дар  соли  2015 аз миқдори умумии гирифторони нави бемории сил 1007 ҳолат ё 19,7 дарсад, дар соли 2016-927 ё беш аз 17 дарсад ба муҳоҷирони меҳнатӣ рост меояд”,-изҳор доштааст, муовини сарвари Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Зоирҷон Абдуллоев.  Ба гуфтаи ӯ, тадқиқот нишон додааст, ки аксари беморон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. 
 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷике, ки дар Русия ва кишварҳои дигар ба фаъолият машғуланд, дар шароити сахт ва ғайри қобили қабул кор мекунанд.  Ҷои хоби онҳо низ аксар дар мавзеъҳои намнок ва хилофи талаботҳои беҳдоштӣ  қарор дорад.
“Омилҳои асосии паҳншавии ин беморӣ дар байни муҳоҷирон бад будани шароити зист аст. Зичии мардуми зиёд дар масоҳати танг, шароитҳои зиддисанитарӣ, ҳамчунин нокифоягии ғизо, сари вақт муроҷиат накардан барои гирифтани кӯмаки тиббӣ ва аз ҳама асосиаш-тарси ихроҷ шудан аз Русия”,-қайд мекунад Абдуллоев.

 Дар воқеъ бештари беморони сил, гепатит ва ВНМО кӯшиш мекунанд, ки бемории худро амиқ пинҳон кунанд. Зеро дар сурати ошкор шудани беморӣ гирифторони онро мушкилотҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ва руҳӣ пеш хоҳад омад. 
Ба гуфтаи сарвари иҷроияи идораи байналмилалии  «Stop TB» дар назди СММ  Сабху Субананди,  ҳар сол аз бемории сил  1,8 миллион одам дар дунё вафот мекунад. Ин намояндаи созмони байналмилалӣ қайд кардааст, ки аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ вазъияти мураккаб  ба назар мерасад. 
 “Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ бемории сил нисбат ба дорувор устувор ва табобати он бо душворӣ даст медиҳад. Дар ин кишварҳо инчунин мушкилоти муҳоҷирон мавҷуд аст. Аз ин рӯ барои муолиҷаи беморон бояд шароит фароҳам оварда шавад, ба муҳоҷирон ёрии тиббӣ расонида, ба нақзи ҳуқуқи онҳо роҳ дода нашавад ва ин масъала бояд зери назорат гирифта шавад”, — таъкид намудааст  Сабху Субананда.


Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо низ аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки оид ба он ки нисбат ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии дар боло зикршуда кадом тадбирҳо андешида мешавад, маълумоти иловагӣ пешниҳод намояд.

Атохон Ғаниев

четверг, 31 августа 2017 г.

Мунтазам убур кардани сарҳади Русия ва оқибати он барои муҳоҷирон

Мунтазам убур кардани сарҳади Русия
ва оқибати он барои муҳоҷирон

                Қонунҳои  Русия вазъи душвори муҳоҷирони тоҷикро боз мушкилтар месозад



Мувофиқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират қаблан, шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷа ба даҳяки аҳолӣ наздик шуда буд, вале буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва ташдиди қонунгузориҳои марбут ба муҳоҷират дар кишвари мизбон шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия аз 800 000 дар соли 2013 то ба 520 000 дар соли 2016 кам кард.
“Дар ҳамин ҳол, шумораи шаҳрвандони тоҷик, ки вуруд барояшон ба Русия бо сабабҳои гуногун  мамнӯъ мешавад, афзоиш меёбад. Дар охири соли 2016 ин рақам тақрибан 260 000 нафарро ташкил медод, ки онҳоро барои аз се то панҷ сол аз вуруд ба Русия манъ кардаанд”,-омадааст дар гузориши СБМ.
Мувофиқи қонунҳои наве ки ҳукумати Русия пас аз моҳи январ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ кард, душвориҳои муҳоҷирон боз ҳам афзуд.
Мувофиқи  қонунҳои амалкунандаи ФР шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми вуруд ба ин кишвар худро ба муҳлати 3 моҳ ба қайди муҳоҷират мегузорад.
Вале хеле гарон будани қимати ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда барои фаъолияти меҳнатӣ дар Русия аксари муҷоҷирони меҳнатии тоҷикро водор намудааст, ки ҳар се моҳ як маротиба ҳудуди Русияро тарк намуда, ба яке аз кишварҳои ҳамсарҳади он ворид шаванд ва пас он боз аз сари нав ба ҳудуди ин кишвар вуруд намоянд.  Бештари  муҳоҷирон гумон мекунанд,ки  тартиби баромад ва вуруд ба Русия риоя шудааст, зеро онҳо ҳудуди ФР тарк намуда, аз сари нав варақаи муҳоҷират гирифтаанд ва дар Русия қонунӣ иқомат доранд.
Аммо ба фикри коршиносон дар чуни ҳолат шаҳрвандони хориҷӣ қоидаи убури сарҳади давлатии Русияро риоя накардаааст, зеро ӯ Қонуни №115 ФЗ, моддаи 5-ро,ки вазифа ва уҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷии ба ҳудуди Русия воридшаванда ва вуруд ва баромади шаҳрвандони хориҷиро ба ФР танзим мекунад.   
Дар қонуни мазкур мушаххас зикр шудааст: шаҳрванди хориҷӣ, ки ба Русия омадааст ва пас аз се моҳ онро тарк намудааст, бояд на камтар аз 3 моҳ берун аз ҳудуди он қарор дошта бошад.
Ва танҳо пас аз ин муҳоҷир метавонад аз сари нав ба ФР ворид шуда, аз нав варақаи муҳоҷират гирад.
Дар акси ҳол агар фосилаи байни баромад ва вуруди нав камтар аз 3 моҳ бошад – муҳоҷир тартиби вуруд ба ФР ва баромад аз ФР-ро вайрон мекунад ва дар Русия ғайриқонунӣ будубош менамояд. 
Дар сурати вайрон кардани тартиби вуруд ба ФР ва баромад аз ФР, вуруди муҳоҷир ба Русия манъ мегардад.
Гузашта аз ин шаҳрванди хориҷӣ, вақти ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия, мувофуқи қонунҳои нав ҳуқуқ дорад,ки дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ худро дар қайди  Хадамоти муҳоҷирати ВКД гузорад.  Агар аз ин мӯҳлат таъхир кунад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз 10 то 15 000 рубл ҷарима карда мешавад. Қаблан шаҳрвандон метавонистанд, ба ФМС дар давоми 90 рӯз муроҷиат кунанд, ҳоло бошад 30 рӯз шудааст,қайд намуд корманди Хадамоти муҳоҷирати Русия.      

Тавре дар қонунгузорӣ омадааст, давраи амали манъи вуруд вобаста аз он аст,ки шаҳрванди хориҷӣ чанд рӯз дар Русия ғайриқонунӣ будубош намудааст. 
Иқомат то 170 шабонарӯз – манъи вуруд барои  3 сол;
Иқомат то  аз 170 то 270 шабонарӯз – манъи вуруд барои  5 сол;
Иқомат то беш аз 270 шабонарӯз – манъи вуруд ба Русия барои 10 соли минбаъда (ҳадди ниҳоӣ);
 Акнун тасаввур кунед,ки чӣ қадар муҳоҷирони тоҷик аз муҳлатҳои зикр намуда бештар дар ин кишвар будубош доранд.
 Вазъи аксари эшон дар воқеъ хеле душвору нигаронкунанда аст.
Коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ, пайдо карда натавонистани ҷойи кори мувофиқ, ночиз будани музди меҳнат, дар ҳар сари қадам “бача, пул бите” гуфтани кормандони полис ҳоли бе ин ҳам душвори муҳоҷиронро душвортар гардонидааст.
Акнун барои ба таври қонунӣ пайдо намудани кор, муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз фанни забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории ин давлат имтиҳон супорад. Чун пӯшида нест,ки аксари муҳоҷирон дониши кофӣ дар бораи таъриху қонунгузирии Русия надоранд ва ҳам забони русиро ба хубӣ намедонанд, боз барои миёнравҳою корчалонҳо роҳи нави даромад пайдо шуд.
 Ин миёнравҳо монанди гурбаи гуруснае ки ба хотири дарёфти як луқма тайёр аст худро ба ҳар сӯ ҳаво диҳад, ҳамёни бе ин ҳам нимхолии муҳоҷиронро холӣ мекунанд.
Миёнравҳову даллолон дар Русия монанди магаси гирди гушт чунон зиёданд,ки ки  бидуни “ёриву мадади онҳо” ба сомон расонидани коре душвор аст.
Масалан, расман барои гирифтани иҷозатномаи кор (патент) дар Маскав тақрибан 14 000 рубл зарур аст. Аммо ҳатто дар сурати мавҷудияти ин маблағ бидуни миёнравҳо гирифтани иҷозатнома хеле душвор аст. Зеро бояд рӯзҳо ва ё ҳафтаҳо бояд дар навбат истод. Миёнрав бошад ба ивази маблағи иловагӣ ин корро дар муддати хеле кӯтоҳ ба анҷом мерасонад. Ғайр аз ин ҳар моҳ бояд 4,2 ҳазор рубл барои патент бояд супорид. Андозаи патент вобаста ба минтақаи муайян кам ё зиёд мешавад.
Барои пайдо кардани кор, гирифтани хуҷҷатҳо аз дасти полис, ба қайд гузоштан ва аз қайд гирифтан, супоридани имтиҳонҳо, аз ташхиси тиббӣ гузаштан аксари муҳоҷирон маҷбуранд боз ҳам ба миёнравҳо муроҷиат кунанд ва тақрибан ду-се баробар маблағи зиёдтар сарф намоянд.
 Шояд ин ҳама водор карда, ки ба душворию тангдастӣ нигоҳ накарда, муҳоҷирон аз Русия фирор мекунанд ва ё аз азми сафар ба ин кишвар даст мекашанд.       
Атохон Ғаниев

среда, 9 августа 2017 г.

Ками беғам

Ками беғам

ё муҳоҷирони ба Ватан баргашта чӣ гуна худро ба шароити нав мутобиқ мекунанд


 Cокини шаҳри Регар Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Русия ва бозгашт ба зодгоҳаш дарҳол натавонист ҷои кори мувофиқ пайдо кунад. Барояш муҳим набуд чӣ коре пайдо хоҳад кард, муҳим ин буд, ки маоши нисбатан беҳтар диҳанд, то ӯ тавонад оилаашро таъмин намояд. Пас аз ҷустуҷӯи зиёд, Абдуллоҳ бо воситаи яке аз рафиқонаш дар бозори “Фаровон” ба сифати аробакаш фаъолияташро оғоз намуд.
“Агар муштариён зиёд бошанд, рӯзе то панҷоҳ сомонӣ кор мекунам. Вале аксари рӯзҳо 20-30 сомонӣ маблағ ба даст меораму халос. Моҳе ба ҳисоби миёна 900-1200 сомонӣ кор мекунам, ки барои таъмини хонавода кифоягӣ намекунад. Вале, Худоро шукр, ки бекор нестам. Агар дар ин замон бекор монӣ, он вақт ҳолат бисёр бад мешавад”,-мегӯяд Абдуллоҳ.

 Умуман пайдо карда натавонистани ҷои кор ва маоши нисбатан хуб барои аксари муҳоҷирони ихроҷшуда ба яке аз мушкилоти асосӣ мубаддал шудааст.
 «Муҳоҷирони меҳнатӣ  пас аз бозгашт бо мушкилоти пайдо кардани ҷои кор, номувофиқатии касбияти онҳо бо талаботҳои дохилии бозор, дастрасӣ ба малакаи касбӣ ва хидматрасониҳои хадамоти шуғли аҳолӣ рӯбарӯ мешаванд», -  изҳор намуд Умед Раимдодов, сардори Маркази рушди иноватсионӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
 Ба андешаи коршиносон, вобаста ба афзоиш ёфтани миқдори  муҳоҷирони меҳнатии аз қаламрави Федератсияи Русия берункардашуда ва воридшавиашон ба ин кишвар манъгардида, ҳукумати кишварро зарур аст, ки барои барқароршавии муҳоҷирони баргашта сари вақт шароитҳоро муҳайё созад.
 Мувофиқи суханони Раимдодов, ҳар сол барои худфаъолиятии шаҳрвандони бекор, аз ҷумла онҳое ки ба рӯйхати “мамнӯъулвуруд”-и Русия ворид шудаанд, 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мегардад. Ба ҳар як шахс ба ҳисоби миёна аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз барои як сол дода мешавад, ба шарте ки ин маблағҳо барои рушди тиҷорат ё оғози фаъолияти нав равона гардад. Ба ҳисоби миёна ҳар сол 3 ё 4 ҳазор сомонӣ шахсони ихроҷшуда  ва ба ба рӯйхати “мамнӯъулвуруд” воридшуда чунин кӯмакро дастрас менамоянд.  
Бояд гуфт, ки барои дастгирии муҳоҷирони баргашта нақши созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ хеле калон аст. Барои мисол лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо” аст, ки онро дар шаҳри Қурғонтеппа созмони ғайриҳукуматии “Ғамхорӣ” амалӣ менамояд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур шаш Гуруҳи Худимдод ташкил шудааст, ки аз 10-15 муҳоҷир ва аҳли оилаи онҳо иборат мебошад.  Аъзои гуруҳ аз ҳисоби худ хазинаи амонатии ғайрирасмӣ таъсис додаанд. Маблағҳо барои фаъолияти даромадовар дода мешавад. Ҳар як гуруҳ аз ҳисоби худи аъзои он раис, хазинадор ва котиб дорад. Аъзои гуруҳ ба номи раис ариза менависад ва маблағи заруриро мегирад. Пас аз гузаштани муҳлати муайян маблағ ба хазина баргардонида мешавад. 
 Коршиноси масъалаҳои муҳоҷират Умед Раимдодов мегӯяд, ки барои беҳтар намудани самаранокии раванди барқароршавии (реинтегратсия)-и муҳоҷирон бояд як қатор тадбирҳо андешида шаванд:
- «Оҷонсиҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ бояд тақвият дода шаванд ва барои ҷалби бештари бекорон ва ба кӯмаки онҳо ниёзманд мувофиқ гардонда шаванд.
- Бояд курсҳои кутоҳмуддат оид ба омода сохтан ва азнавтайёркунии касбҳо, ки дархӯри талаботҳои бозори дохилӣ мебошанд, ташкил карда шаванд.
 - Қонунгузории андоз бояд дар андозсупорӣ имтиёзҳои иҷтимоиро барои ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ-маблағгузирӣ дар бахшҳои бизнеси хурд, истеҳсолоти рақобатпазири ба ивазкунандаи воридоти мол нигаронидашуда ба назар гирад».

 Мусоҳиби мо-Абдуллоҳ мегӯяд, ҳарчанд маошаш ночиз аст, вале ӯ нияти ба Русия рафтанро надорад. Зеро аз як ҷониб хавфу ҳароси доимӣ аз полис ӯро дилгир кардааст, аз ҷониби дигар намехоҳад аз ин беш аз аҳли оилаи худ дур бошад.

Атохон Ғаниев


суббота, 3 декабря 2016 г.


      Муҳокимаи ҷамъиятии буҷет аслан дар Тоҷикистон падидаи нав аст. На танҳо мардуми оддӣ, балки аксари шахсони масъул низ то ҳанӯз моҳияти  аслии онро дарк накардаанд. Аммо дар аксари кишварҳои рушдёфта муҳокимаи ҷамъиятии буҷет ҷузъи ҷудонопазири ташаккули буҷет ба ҳисоб рафта, аксари шаҳрвандон бевосита дар раванди таҳияи буҷети миллӣ саҳм мегузоранд.

 Муҳокимаи ҷамъиятии буҷет яке аз шаклҳои иштироки ҷомеа дар ташаккули буҷети давлатӣ мебошад. Ҳадафи муҳокимаи ҷамъиятӣ – фаҳмидани афкори аҳли ҷомеа вобаста ба буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, муайян намудани мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ворид сохтани  пешниҳод ба кумитаҳои дахлдори маҷомоти қонунгузорӣ аст. 
Раванди муҳокимаи ҷамъиятии буҷет дар ноҳияи Рӯдакӣ
  Моҳи сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси ширкати  Девелопмент  Алтернативз  Инкорпорейтед  (DAI)  ва дастгирии молиявии Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмиллалӣ (DFID) дар ноҳияи Рӯдакӣ нахустин муҳокимаи ҷаъиятии буҷет баргузор гардид. 
Зимни муҳокимаи ҷамъиятӣ, ки дар  доираи  вохӯрии  вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Х. Сӯфиев бо  интихобкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифт, ҳозирин бо нуктаҳои асосии идоракуниии буҷети давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ташаккули он ошно шуданд.
Ба гуфти Зарина Мамадалиева, мутахассис оид ба иртиботи Котиботи назди Кумитаи МН МО ҶТ оид ба иқтисод ва молия ҳангоми ташкил  ва  баргузор  намудани  муҳокимаҳо  унсурҳои  нав мавриди истифода  қарор гирифтанд.
-Аз ҷумла, қабл аз баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои тамаркузӣ (фокусӣ) бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла: намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва соҳибкорӣ ташкил  дода шуданд. Иштирокчиёни гурӯҳҳои тамаркузӣ дар зери роҳбарии коршиносони миллӣ 4 (чор) муҳокимаҳоро оид ба мавзӯи иҷтимоӣ анҷом доданд, ки онҳо ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро дарбар мегиранд: хоҷагии манзилию коммуналӣ; бахши тахмини об; бахши маориф ва сиёсати андоз. Дар натиҷаи муҳокимаҳои баргузоршуда, тавсияҳо таҳия шуда ба иҷлосияҳои маҷлиси умумӣ пешниҳод карда шуданд,-қайд намуд Зарина Мамадалиева.
Раванди муҳокимаи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

 Дар баъзе кишварҳои собиқ Шӯравӣ муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба ин ё он масъалаҳои муҳими ҷомеа хеле ривоҷ ёфтааст. Аз ҷумла, дар кишвари ҳамсояи мо-Қирғизистон аҳли ҷомеа дар раванди муҳокимаҳои масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисоди, муҳокимаи лоиҳаи буҷет хеле фаъоланд. 
Мувофиқи маълумоти сомонаи municipalitet.kg дар соли 2016 дар 17 марказҳои маъмурии Қирғизистон муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба буҷет баргузор шудааст,ки дар онҳо 2010 нафар шаҳрвандон ширкат варзидаанд. 
Ҳамагӣ дар раванди муҳокимаҳои ҷамъиятӣ  109 оид ба лоиҳаи буҷет пешниҳод шуда, ба лоиҳаи нахустини буҷет 42 пешниҳод ворид гардидааст, ки  39%-и  миқдори умумии пешниҳодҳоро ташкил медиҳад.


Наворҳои KTRKkg дар бораи муҳокимаи ҷамъиятии буҷет дар Қирғизистон 

Муҳокимаи ҷамъиятӣ чӣ гуна сурат мегирад?

Дастуре, ки коршинос Абдураҳмон Наҷмидинов омода сохтааст, раванди иштироки шаҳрвандон дар таҳияи лоиҳаи буҷети давлатиро возеҳ инъикос мекунад:




Мо ба хотири фаҳмидани он ки то чӣ андоза барои шаҳрвандони кишвар иштирок дар муҳокимаи лоиҳаи буҷет муҳим аст, 27 октябр, қабл аз қабули лоиҳаи буҷет дар парлумони кишвар як назарсанҷӣ гузаронидем.



Дар назарсанҷии мо, ки аз тариқи Фейсбук гузаронида шуд, 69 нафар ширкат варзида, назари худро баён намуданд. Ҳарчанд  миқдори иштирокчиён зиёд нест, бо вуҷуди ин умед бастан мумкин аст, ки фаъолнокии шаҳрвандон меафзояд. Аз шумораи умумӣ 45 нафар (65,2 %) гуфтаанд, ки маблағҳо бештар ба соҳаи маориф равон гардад. 16 нафар (23,2%) хоҳони онанд, ки маблағ барои соҳаи тандурустӣ харҷ шавад ва 14 нафар (20,3%) тарафдори маблағгузории бештар барои соҳаи ҳифзи иҷтимоианд. Натиҷаи назарсанҷиро инҷо дидан мумкин аст:



Тавре дар боло зикр шуд, муҳокимаи ҷамъиятии буҷет дар Тоҷикистон нав оғоз ёфта, аксари мардум ҳанӯз аз ин раванди муҳим хабардор нестанд. Аслан бояд худи ҳукумат ҳавасманд бошад, ки мардум дар ҷараёни таҳияи буҷет фаъолона иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён кунанд. Вале тавре аз натиҷаи таҳқиқот оид ба Индекси ошкории буҷети давлатӣ (ИОБ) Тоҷикистон дар соли 2012 бармеояд, Тоҷикистон аз 100 холи имконпазир ҳамагӣ 17 хол ба даст овардааст, ки нисбати кишварҳои дигар хеле паст мебошад. 





Ин таҳқиқотро Шарикии байналмиллалии буҷетӣ (International Budget Partnership) ва Институти Ҷомеаи Кушод – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ташкил намуда, онро Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишкадаи Сохибкори ва хизмати Тоҷикистон гузаронидаанд. Тавре зимни муаррифии таҳқиқот, яке аз муаллифони он-Уктам Ҷумаев гуфт, соли 2012  аксари ҳуҷҷатҳои асосии буҷетӣ барои мардум дастрас набуд.



 Ба гуфти муаллифон, зимни гузаронидани таҳқиқоти Индекси ошкории буҷети давлатӣ (ИОБ) Тоҷикистон дар соли 2014 муайян шуд, ки Вазорати молия тавсияҳои Шарикии байналмиллалии буҷетӣ (International Budget Partnership)-ро ба назар гирифта, ҳуҷҷатҳои буҷетии зеринро, ки қаблан дастрас набуд, таҳия ва нашр намудааст: 

-Лоиҳаи аввалини буҷет;

-Лоиҳаи буҷети ҳокимияти иҷроия;

-Буҷети гражданӣ.



  Соли 2017 гузаронидани давраи навбатии таҳқиқот оид ба Индекси ошкории буҷети давлатии Тоҷикистон дар назар аст. Шояд ҳукумати кишвар вобаста ба талаботҳои ҷаҳони муосир ҳуҷҷатҳои асосии буҷетӣ, аз ҷумла ҳисоботҳои аудиториро барои аҳолӣ дастрас намуда, мавқеи хешро беҳтар намояд ва ҳам эътимоди мардумро боз бештар ба даст орад.
 Аз ҷониби дигар шояд худи мардум низ бетарафии худро нисбати ҳуҷҷати муҳими миллӣ-Буҷети давлатӣ камтар карда, дар раванди таҳияи буҷет, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ фаъолноктар шаванд. Танҳо дар ин сурат метавон ба шаффофияти пурраи буҷет умед баст.

Атохон Ғаниев,
Алишер Ҷунайдов 

воскресенье, 11 сентября 2016 г.

   

 Сайёҳӣ барои аксар кишварҳои дунё сарчашмаи асосии даромад ба ҳисоб меравад. Масалан, даромади Испониё аз сайёҳӣ аз даромадҳои содиротии он зиёдтар аст.
Сарчашмаи асосии даромади Сан-Марино, ки пас аз Ватикан дуюмин кишвари хурдтарини дунё ба ҳисоб меравад ва ҳамагӣ 61 километри квадратӣ масоҳату 32 ҳазор аҳолӣ дорад, низ сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Сан-Марино дар соли 2014 1,365 миллиард доларро ташкил додааст.


 Таҳқиқҳо нишон медиҳад, ки рушди сайёҳӣ боиси рушди тиҷорат, сохтмон, роҳҳои мошингард, ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина рушди иқтисод дар умум мегардад. Мувофиқи омори созмонҳои байналмиллалӣ ҳоло ҳар 16 нафар сокини рӯи замин дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият дорад.  Сайёҳӣ дар қатори тиҷорати нафту маҳсулоти нафтӣ ва мошин аз ҷумлаи сердаромадтарин соҳаҳо маҳсуб мешавад.

Он ки Тоҷикистон кишвари ҷолиби сайёҳист, ҷои баҳс надорад.

Манзараҳои зебои кӯҳистони Бадахшону Зарафшон, Қаторкуҳи Ҳисор, Хатлону Рашт, пиряхҳои бузург, мавзеъҳои таърихӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ёдгориҳои нодири таърихӣ, сарчашмаҳои шифобахши тиббӣ ва ғайра таваҷҷӯҳи сайёҳони зиёдеро дар дохилу хориҷи кишвар ҷалб намудааст.

Пас чаро мо бо ин, ки кишвари зебо ва хеле ҷолиб барои сайёҳон дорем, наметавонем, ба қадри кофӣ сайёҳонро ба кишвар ҷалб ва аз ин ҳисоб сарчашмаи даромади миллиро бештар намуда, сатҳи зиндагии худро боло бардорем?



 Ман албатта коршинос нестам, вале чун як 

шаҳрванд чанд пешниҳоде дорам, ки шояд 

барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат 

кунад:

Акс аз travelca.ru

    


1. Озмун барои беҳтарин лоиҳаи инвеститсионӣ 


  Эълон намудани озмун аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтарин лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ. Дар ин зимн беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ барои маблағгузорон, пешниҳоди кафолатҳо ва имтиёзҳои воқеӣ, ки тавонад миқдори бештари маблағгузоронро ба кишвар ҷалб кунад.


 2. Таъсиси гурӯҳи корӣ

  Таъсис додани гурӯҳи мустақили корӣ аз ҳисоби муҳаққиқону тоҷирон, намояндагони идораҳои давлатӣ, оҷонсиҳои сайёҳӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иқтисоддонҳо, бостоншиносон, ҷомеашиносон, коршиносони соҳаи сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ, варзишӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ (муолиҷавӣ), рустоӣ, экологӣ, маърифатӣ-фарҳангӣ ва ғайра. Ҳадафи асосии ташкили ин гурӯҳи корӣ: а) Муайян намудани мушкилотҳои асосии соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳо, шароити истироҳати сайёҳон ва ғайра; б) Мушаххас кардани минтақаҳои сайёҳӣ, ки метавон бо харҷи нисбатан камтар сайёҳони бисёрро ҷалб намуд; в) Тартиб додани нақшаҳои тиҷоратӣ (бизнес-планҳо) барои ин ё он минтақаи сайёҳӣ, мавзеи таърихӣ ё муолиҷавӣ; г) Тартиб додани харитаи интерактивии сайёҳӣ. 

 3. Муҳайё сохтани шароити хуб барои сайёҳон


  Яке аз омилҳои асосии ҷалби сайёҳон муҳайё намудани шароит аст. Аз ҷумла, ҷойи хоб. Дар ин замина шояд ташкили хаймашаҳрҳо ва урдугоҳҳои сайёҳӣ дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳо ба манфиати кор бошад. Сохтани шабакаҳои меҳмонхонаҳои хурд, хобгоҳҳои сарироҳӣ (хостелҳо) низ хуб аст. Агар ин амалисозии ин кор аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ имконнопазир аст, метавон озмунҳо (тендерҳо) барои сохтани онҳо эълон намуд. 

4. Ташкили курсҳо барои роҳбаладон

  Ташкили курсҳо барои роҳбаладон, ки хатмкунандагони он на танҳо донандаи хуби забонҳои асосии хориҷӣ бошанд, балки ба ҳар суоли сайёҳон вобаста ба таъриху фарҳанг, урфу одат посухҳои қонеъкунанда дода тавонанд. Бояд дар давоми таҳсил роҳбаладони оянда оид ба тамоми минтақаҳои сайёҳӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ маълумоти комил пайдо кунанд, то зимни сафар ба ин ё он мавзеъ ба ҷои сайёҳон худ ба душворӣ дучор нагарданд.


 5. Рушди туризми дохили кишвар


  Чаро дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ рушд намекунад? Масалан, агар дар асоси барномаҳои муайян сафарҳои сайёҳии ҷавонону наврасон ба мавзеъҳои сайёҳӣ бештар гардад, он ҳарчанд ба буҷет даромади зиёд наорад ҳам, барои рушди ҷаҳонбинии наслҳои ҷавони кишвар мусоидат хоҳад кард. 6. Таблиғот ва иттилоот: а) Гузаронидани озмунҳо дар байни ВАО-икишвар барои беҳтарин мавод оид ба рушди сайёҳӣ.

б) Ҷудо намудани бурсҳо (грантҳо)


  Ҷудо намудани бурсҳо (грантҳо) барои сохтани маводҳои таҳлилӣ, маърифатӣ, тарғибӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон; в) Сохтани харитаҳои тасвирбаён (мултимедӣ) ва интерактивии сайёҳӣ, китобчаҳои ҷайбии ранга бо забонҳои гуногун дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ.

7. Истеҳсоли оммавии маҳсулоти 

армуғонӣ-ҳунарҳои мардумӣ


  Ба таври саноатӣ ба роҳ мондани маҳсулоти армуғонӣ-ҳунарҳои мардумӣ. Албатта, бархе аз ин пешниҳодҳо шояд қаблан ҳам шуда бошад. Муҳим ин аст, ки масъулин бояд муҳимияти рушди сайёҳиро дар кишвар, ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар дарк намуда, ба он аз дидгоҳи нав назар кунанд. Бубинанд, ки воқеан чӣ қадар имконият дорем ва чӣ тавр тавассути пиёдасозии барономаҳои амалӣ ва омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дар соҳаи сайёҳӣ рушдёфта дар самт комёб шавем.

                                                                         Атохон Ғаниев

четверг, 21 апреля 2016 г.



 Ҳаҷми захираҳои табии Тоҷикистон хеле бузург аст. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ ҳоло зиёда аз 400 намуди маъданҳои табиӣ кашф шудаанд. Ҳудуди 100 намуди онҳо истифода мешаванд. Кони тиллои Панҷакент ва Шуғнон, кони нуқраи Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои санги мармар дар Ванҷ, Панҷакент, Дарвоз, Шаҳристон аз ҷумлаи конҳои бузурги маъдан ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ангиштсанг буда, ҳаҷми захираи он 4 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Истихроҷи самаранок ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ имкон медиҳад, ки кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд намуда, сатҳи камбизоатӣ поён равад.


Нахустин иқдоми Тоҷикистон барои шаффофият дар соҳаи истихроҷ
 Моҳи июли соли  2011 собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов изҳор намуд, ки Тоҷикистон омода аст, Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷро, чун Ташаббуси дар кишвар амалишаванда баррасӣ намояд. Ва ин иқдоми нахустини Тоҷикистон барои пайвастан ба ТШСИ (EITI - ИПДО) гардид. 

ТШСИ чист?

ТШСИ (EITI - ИПДО) – ин стандарти глобалиест, ки дар сатҳи байналмиллалӣ таҳия гардида, барои таъмини шаффофияти даромад дар сатҳи маҳал мусоидат мекунад.
Тавассути усули хеле хуб кор кардашуда пардохтҳои ширкатҳои истихроҷкунанда ва даромаднокии ҳукумат дар ҳар кишвари алоҳида ба таври қиёсӣ таҳлил мегардад. 
 ТШСИ – аз коалитсияи ҳукумат, ширкатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, маблағгузорон ва созмонҳои байналмиллалӣ иборат аст. 

Пайвастан ба ТШСИ ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Қабл аз ҳама кишвари узви ТШСИ эътибори байналмиллалии худро боло мебардорад ва сатҳи фасод дар кишвар кам мегардад. Вазъи маблағгузорӣ беҳтар шуда, шумораи ширкатҳои маблағгузор меафзояд. 

ТШСИ чӣ гуна амалӣ мегардад?

 Дар сомонаи ТШСИ дар Тоҷикистон омадааст, ки ҳар кишваре ки мехоҳад узви ТШСИ бошад, бояд ин панҷ талаботро ба ҷо орад:
1. Ҳукумат бояд изҳороти мушаххасу ошкорои  худро оид ба амалӣ гардонидани ТШСИ дар Тоҷикистон эълом дорад. 
2. Ҳукумат вобаста ба татбиқ сохтани кор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ширкатҳо оид ба ворид намудани ТШСИ бояд барои худ ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад.
3. Ҳукумат бояд мансабдори баландмақомро барои амалӣ сохтани нишондодҳо оид ба ворид намудани ТШСИ таъйин намояд. 
4. Ҳукумат бояд гурӯҳи серҷонибаи тарафҳои ҳавасмандро барои амалӣ гардонидани назорат оиди ворид намудани ТШСИ таъсис диҳад. 
5. Гурӯҳи серҷонибаи тарафҳои ҳавасманд бо иштирокчиёни калидии ҷонибҳои ҳавасманди ТШСИ машварат намуда, бояд нақшаи иҷрои корро бо нишондоди пурраи хароҷот, ки он  ҳадафҳои андозашаванда, инчунин ҷадвали ворид сохтани ТШСИ ва банақшагирии баҳогузории маҳдудият дар қисми имкониятҳоро дарбар мегирад, мувофиқа ва нашр созад.  
Коршинос чӣ мегӯяд?
Инқилоб  Аҳмадов ‒ доктори илмҳои иқтисодӣ, сарвари Маркази иттилоот оид ба соҳаҳои истихроҷи Авруосиё дар назди Донишгоҳи Хазари Озарбойҷон, рӯзи 18 апрел дар бинои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “«Шаффофият чун асоси рушди босубот ва муваффақи иқтисодӣ” баромад намуда, оид ба афзалиятҳои шаффофият дар соҳаи истихроҷ ҳарф зад. 
 Баромади қариб дусоатаи худро олими озарбойҷонӣ бо чунин хулосаҳо ба анҷом расонид:
Атохон Ғаниев